NobleBlocks

Research indexJournal article

РОҶЕЪ БА ҚАБАТИ ИҚТИБОСШУДАИ ЛУҒАТИ ЗАБОНҲОИ ӮЗБЕКӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ЛЕКСИКИВУ ГРАММАТИКИИ ОН

Б.Х

Zenodo (CERN European Organization for Nuclear Research)15 May 2023Open access

NobleIDark:/48914/w1/20260525/564137C2DOI10.5281/zenodo.7960824

Abstract

Дар маърӯза таҳти унвони “Роҷеъ ба қабати иқтибосшудаи луғати забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ ва хусусиятҳои лексикиву грамматикии он” сухан дар бораи калимаҳое меравад, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ аз дигар забонҳо калимаҳо ворид шуда, фонди луғавии ин забонҳоро бой кардаанд. Чуноне ки Д.М. Шмелёв дуруст қайд кардааст, дар таркиби луғавии забон алоқаи як халқ бо дигар халқҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ ифода меёбад. Аз ин сабаб, захираи луғавии забон аз ҳисоби калимаҳои иқтибосшудаи забони ғайр ғанӣ мегардад. Нисфи захираи луғавии забони ӯзбекиро калимаҳои туркӣ ташкил менамояд, қисми боқимондааш бошад аз калимаҳои арабӣ, форсӣ-тоҷикӣ, русӣ ва калимаҳои ба воситаи забони русӣ аз забонҳои Аврупои Ғарбӣ омада ва каме бошад ҳам, калимаҳои аз забонҳои ҳиндӣ, хитоӣ, муғулӣ ва дигар забонҳои иқтибосшуда иборат аст. Сабаби асосии ин ҳодиса дар он мебошад, ки робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии дар давраҳои мухталифи байни халқҳо ҷой доштаанд, ба забони онҳо низ бе таъсир намондаанд. Ғанӣ гардидани таркиби луғавии забон аз ҳисоби калимаҳои аз забонҳои ғайр иқтибосшуда яке аз ҳодисаҳои ҳалкунандаи инкишофи забон ба ҳисоб меравад.

Discussion

Topics

More

Suggest a correction or report