NobleBlocks

Research indexJournal article

ОИД БА МАФҲУМИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Карахонович

cyberleninka.ru1 Jan 2023Open access

NobleIDark:/48914/w1/20260521/2A55C7ADDOI10.24412/2411-1945-2023-3-5-9

Free to read at the publisher

You can read the abstract here, or the full text at the publisher.

Read at the publisher

Abstract

Масъалаи сиёсати ҳуқуқӣ, аз ҷумла сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дер боз дар маркази таваҷҷуҳи муҳаққиқон, файласуфон, сиёсатмадорон ва ҳуқуқшиносон қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки ҳуқуқи инсон дар давлати ҳуқуқбунёд арзиши бунёдӣ ва меҳварӣ ба ҳисоб рафта, эътироф, ҳимоя ва таъмини онҳо уҳдадории давлат ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон тибқи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд, давлат уҳдадор мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Аз ин рӯ, яке аз шаклҳои иҷрои чунин уҳдадорӣ, ки дар сатҳи расмӣ бар дӯши давлат вогузор шудааст, бунёд ва амалӣ намудани мақсадноки сиёсат дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад. Солҳои охир сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва умуман худи масоили сиёсати ҳуқуқӣ дар маркази таваҷҷуҳи аксари муҳаққиқон-ҳуқуқшиносон қарор дорад. Бинобар ин, дар адабиёти ҳуқуқӣ оид ба масъалаи мафҳуми сиёсати ҳуқуқуӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ягонафикрӣ мавҷуд намебошад. Дар натиҷаи таҳлил ва таҳқиқи мафҳумҳое, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносон пешкаш шудааст, мафҳуми муаллифии сиёсати ҳуқуқуӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро пешниҳод шудааст.

Discussion

Topics

More

Suggest a correction or report