NobleBlocks

Research indexJournal article

САМАРАНОКИИ ИҚТИСОДИЮ МОЛИЯВИИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗИ ДАР СОҲАИ САЙЁҲИИ КИШВАР

Қодирович

cyberleninka.ru1 Jan 2023Open access

NobleIDark:/48914/w1/20260524/DA6045F8DOI10.24412/2411-1945-2023-2-123-130

Free to read at the publisher

You can read the abstract here, or the full text at the publisher.

Read at the publisher

Abstract

Мафҳуми имтиёзи андоз, зарурат ва аҳаммияти татбиқи он дар рушду нумуи соҳаи сайёҳии кишвар маврди омӯзиш қарор дода шудааст. Қайд гардидааст, ки шумора ва шаклҳои истифодаи амалии он дар давлатҳои хориҷаи дуру наздик вобаста ба сиёсати иҷтимоию иқтисодии пешгирифтаи онҳо ва бо назардошти самтҳои афзалиятноки бахшҳои иқтисодиёт аз якдигар фарқ намуда, бо роҳҳои гуногун дар амал татбиқ мешаванд. Таҳлили ҳамаҷонибаи арзёбии самаранокии имтиёзҳои андозиву гумрукӣ имконият медиҳад, ки зарурияти муқаррар, барҳамдиҳӣ ё такмили минбаъдаи он дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ҳаллу фасл шавад. Инчунин дар асоси маълумоти омории мақомоти андоз масъалаҳои амалии самаранокии имтиёзҳои андоз аз нуқтаи назари нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии субъектҳои иқтисодии дар соҳаи сайёҳии кишвар фаъолиятдошта, мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Аз рӯи таҳлилҳои ба анҷом расонида хулоса баровардан мумкин аст, ки имтиёзҳои амалкунандаи қонунгузории андозу гумрук, дар маҷмуъ ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар мусоидат намуда истодааст.

Discussion

Topics

More

Suggest a correction or report