Research indexJournal article
НАҚШИ ВОҲИДҲОИ ОДОБИ МУҲОВАРАТ ДАР УСЛУБИ РАСМӢ-КОРГУЗОРӢ
Рустамовна
cyberleninka.ru1 Jan 2023Open access
NobleIDark:/48914/w1/20260521/DA9AAE43DOI10.24412/2413-2004-2023-4-105-111
НАҚШИ ВОҲИДҲОИ ОДОБИ МУҲОВАРАТ ДАР УСЛУБИ РАСМӢ-КОРГУЗОРӢ
Рустамовна · cyberleninka.ru · 2023
NobleIDark:/48914/w1/20260521/DA9AAE43DOI10.24412/2413-2004-2023-4-105-111
Free to read at the publisher
You can read the abstract here, or the full text at the publisher.
Abstract
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми муносибатҳои байниҳамдигарии иҷтимоиву ҷамъиятӣ, ки дар муоширати расмӣ, аз ҷумла хуҷҷатҳо, номаҳои расмӣ тавассути қолабҳои одоби муҳоварат сурат мегиранд, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Доир ба муҳиммияти корбасти қолабҳои одоби муҳоварат дар муросилоти расмӣ муҳокима ронда, зикр гардидааст, ки яке аз омилҳои ҳалкунандаи муваффақияти коммуникативӣ ҳангоми бастани шартнома ва қарордодҳои дигари тиҷоратӣ корбасти мавридшиносонаи қолабҳои устувори низоми одоби муҳоварат мебошад. Таъкид шудааст, ки комёбию нокомии шахсоне, ки бевосита ба омода намудани ҳуҷҷатҳои гуногун иштирок мекунанд, ба он вобаста аст, ки то кадом андоза аз захираи пурғановати одоби муҳоварат ва унсурҳои асосии он – нармбаёнию эҳтиром моҳирона истифода карда метавонанд. Дар ҷомеаи мутамаддин низоми одоби муошират имконияти интихоби қолабҳои фаровони одоби муҳоваратро фароҳам меорад, ки ба адресант барои дар ҳама ҳолат хушмуомила будан ва нигоҳ доштани эҳтироми адресат ёрӣ мерасонад.