NobleBlocks

Research indexJournal article

«БАҲОРИСТОН»-И АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ОМИЛИ ТАРБИЯИ МАЪНАВӢАХЛОҚИИ ХОНАНДАГОНУ ДОНИШҶӮЁН БА ИҶТИМОИШАВӢ

Р.

cyberleninka.ru9 Jul 2026Open access

NobleIDark:/48914/w1/20261105/1072180CDOI10.24412/3078-395x-2026-2-8-79-89

Free to read at the publisher

You can read the abstract here, or the full text at the publisher.

Read at the publisher

Abstract

Дар мақолаи мазкур андешаҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-педагогии мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ дар заминаи асарҳои «Баҳористон», «Силсилат-уз-заҳаб» ва «Ҳафт авранг» мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Муаллиф аҳамияти панду андарзҳои Ҷомиро ҳамчун омили калидии тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ ва иҷтимоишавии донишҷӯёни муосир асоснок мекунад. Мақола мавзуъҳои марказии эҷодиёти шоирро, аз қабили адлу инсоф, салтанати одил, вазифаи ҳокимон ва нақши вазирони донишманд дар суботи ҷомеа таҳлил менамояд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи пешгирии рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонони имрӯза, ки аз маҳалҳо ба шаҳр омада, ба тақлиди кӯр-кӯронаи фарҳанги бегона майл доранд, равона карда шудааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки истифодаи мероси Ҷомӣ дар раванди таълим ба донишҷӯён кӯмак мекунад, то арзишҳои инсониро аз зоҳирпарастӣ фарқ гузошта, дар рӯҳияи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ тарбия ёбанд. Хулоса мешавад, ки таълимоти Ҷомӣ дар бораи адолати иҷтимоӣ на танҳо аҳамияти таърихӣ, балки арзиши баланди амалӣ барои низоми маорифи муосир дорад.

Discussion

More

Suggest a correction or report