Research indexJournal article
ТАҲАВВУЛОТ ВА КОРКАРДИ НАЗАРИЯВИИ МОҲИЯТИ ИНВЕСТИТСИЯ АЗ НИГОҲИ МАКТАБҲОИ ИҚТИСОДӢ
ШАРИФҶОНОВНА
cyberleninka.ru9 Jul 2026Open access
NobleIDark:/48914/w1/20261105/315AD2EADOI10.24412/3078-395x-2026-2-8-202-213
ТАҲАВВУЛОТ ВА КОРКАРДИ НАЗАРИЯВИИ МОҲИЯТИ ИНВЕСТИТСИЯ АЗ НИГОҲИ МАКТАБҲОИ ИҚТИСОДӢ
ШАРИФҶОНОВНА · cyberleninka.ru · 2026
NobleIDark:/48914/w1/20261105/315AD2EADOI10.24412/3078-395x-2026-2-8-202-213
Free to read at the publisher
You can read the abstract here, or the full text at the publisher.
Abstract
Дар мақола марҳилаҳои асосии рушди назарияи инвеститсия баррасӣ шуда, мафҳумҳо ва моделҳои асосие, ки ба ташаккули назарияи муосири инвеститсия таъсир расонидаанд, муайян карда шудаанд. Инчунин таҳлили таърихии пайдоиш ва рушди назарияи инвеститсионӣ дар мактабҳои иқтисодӣ оварда шудааст, марҳилаҳои асосӣ ва ҳамчунин таҳқиқоти калидие, ки ба пайдоиши он ҳамчун як соҳаи алоҳидаи омӯзиши илмӣ таъсир расонидаанд, муайян карда шудаанд. Мақола бо шарҳи мухтасари тамоюлҳои муосир дар назарияи инвеститсия ва нақши онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ ба анҷом мерасад. Ҳадафи тадқиқот омӯхтан ва мураттаб намудани рушди назарияи инвеститсия, аз давраи меркантилизм то давраи муосир мебошад. Объекти тадқиқот равандҳо ва муносибатҳои иқтисодие мебошанд, ки дар доираи фаъолияти инвеститсионӣ ба вуҷуд меоянд. Предмети тадқиқот таҳаввулоти назариявии фаҳмиши моҳияти инвеститсия дар доираи мактабҳои гуногуни иқтисодӣ мебошад. Асосҳои методологии ин тадқиқот ба маҷмӯи принсипҳо ва равишҳои илмӣ такя мекунанд, ки омӯзиши моҳияти инвеститсияро аз нигоҳи мактабҳои гуногуни иқтисодӣ таъмин менамоянд. Пеш аз ҳама, принсипи объективият истифода мешавад, ки таҳлили назарияҳоро бе ғараз ва бар асоси далелҳо имконпазир месозад. Принсипи таърихият бошад, барои баррасии тағйирёбии мафҳуми сармоягузорӣ дар марҳилаҳои гуногуни рушд мусоидат мекунад. Дар тадқиқот равиши низомӣ мавқеи муҳим дорад, зеро инвеститсия ҳамчун қисми низоми иқтисодӣ омӯхта шудааст. Ҳамзамон, равиши муқоисавӣ барои муайян кардани фарқият ва шабеҳиятҳои назарияҳои мактабҳои иқтисодӣ истифода шудааст. Илова бар ин, усулҳои мантиқӣ, аз ҷумла индуксия ва дедуксия, барои ба даст овардани хулосаҳои илмӣ мусоидат кардаанд. Дар маҷмӯъ, истифодаи ин равишҳо имкон медиҳад, ки таҳқиқот пайгирона, асоснок ва бо сатҳи баланди илмӣ анҷом дода шавад.