Research indexJournal article
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ИНЪИКОС ВА ТАРҒИБИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ (дар мисоли рӯзномаи «Хатлон»)
Бахтиёр
cyberleninka.ru9 Jul 2026Open access
NobleIDark:/48914/w1/20261105/6B338B2ADOI10.24412/3078-395x-2026-2-8-565-583
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ИНЪИКОС ВА ТАРҒИБИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ (дар мисоли рӯзномаи «Хатлон»)
Бахтиёр · cyberleninka.ru · 2026
NobleIDark:/48914/w1/20261105/6B338B2ADOI10.24412/3078-395x-2026-2-8-565-583
Free to read at the publisher
You can read the abstract here, or the full text at the publisher.
Abstract
Дар мақола масъалаи инъикоси мавзуъҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар матбуоти даврии маҳаллӣ дар мисоли рӯзномаи «Хатлон» мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Муаллиф бо истифода аз усулҳои таҳлили мундариҷавӣ ва таърихӣ фаъолияти нашрияро дар самти тарғиби мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ арзёбӣ менамояд. Дар раванди таҳқиқ муайян гардидааст, ки рӯзномаи «Хатлон» дар солҳои охир, махсусан солҳои 2018–2021, тавассути рубрикаҳои махсус ва силсилаи маводи журналистӣ ба муаррифии захираҳои сайёҳии минтақа ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ҳамзамон, нақши нашрия ҳамчун воситаи муҳими иттилоотӣ ва фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ таҳлил гардида, таъсири он ба ташаккули фарҳанги сайёҳӣ ва эҳёи мероси ғайримоддӣ асоснок карда мешавад. Муаллиф ба хулосае меояд, ки матбуоти даврии маҳаллӣ, бахусус рӯзномаи «Хатлон», метавонад ҳамчун абзори муассири иттилоотӣ дар рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт нақши калидӣ бозад.