NobleBlocks

Research indexJournal article

ИНЪИКОСИ САНЪАТИ МУСИҚИИ АҲДИ СОМОНИЁН ДАР ОСОРИ ПРОФЕССОР АБДУСАТТОР МУХТОРОВ

Курбонович, Маҳмадқулович

cyberleninka.ru9 Jul 2026Open access

NobleIDark:/48914/w1/20261105/5B141EA9DOI10.24412/3078-395x-2026-2-8-368-376

Free to read at the publisher

You can read the abstract here, or the full text at the publisher.

Read at the publisher

Abstract

Давраи мавҷудияти оли Сомонро замони тиллои санъати миллии тоҷикон меноманд. Маҳз дар давраи давлатдории Сомониён санъати миллии тоҷик рушд ёфт. Профессор А. Мухторов дар таҳқиқоти худ, ки “Сомониён замон ва макон” ном дораду он соли 1999 ба ифтихори ҷашни 1100-умин солгарди давлати нахустини тоҷикон ба нашр расид, аз рушду нӯмуъи санъати миллӣ дар ин давра дар аҳди Сомониён изҳори андеша намуда, иброз менамояд, ки Сомониён тавонистанд, ки пеши нобудшавии фарҳанги миллии тоҷиконро гиранд. Асари нашрнамудаи муаллиф аз 12 боб ва 38 зербор иборат буда, ҳар як боби он ба таърих, давлатдорӣ ва фарҳангу маданияти тоҷикон бахшидашудааст. Боби 12-уми асари таълифнамудаи профессор А. Мухторов “Болоравии маданият ва фарҳанг дар аҳди Сомониён” ном дошта, зербоби “Санъати мусиқӣ ва фарҳанги халқи тоҷик” дар мавриди рушду ташаккулёбии унсурҳои хоси фарҳангу мусиқии тоҷик дар аҳди Сомониён маълумотҳои ҷолиберо барои хонандагон пешниҳод менамояд. Муҳаққиқи варзида А. Мухторов дар ин қисмати кори хеш дар мавриди махсусияти санъати мусиқӣ дар давра ибрози андеша намуда қайд менамояд, ки Сомониён тавонистанд, ки унсурҳои миллии санъату мусиқии халқи хешро дар замони худ рушду такомул диҳанд. Дар аҳди Сомониён унсурҳои санъати миллӣ рушд ёфт, ки дар саргаҳи он номвартарин ашхос амсоли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ворисони ӯ Шаҳидии Балхӣ, Абуҳафси Суғдӣ, найнавози машҳур Зилзили Розӣ, овозхони машҳур Ситти Зарин, Мункарии чангӣ, Мунҷаки чангнавоз, Абулаббоси Бахтиёр ва дигарон меистодаанд. Воқеан асари профессор А. Мухторов “Сомониён замон ва макон” на танҳо дар шинохти лаҳзаҳои таърихӣ, балки махсусан нақши давлати Сомониён дар рушди санъати миллии тоҷикон иттилооти эътимодбахшеро барои ихлосмандон пешниҳод менамояд.

Discussion

More

Suggest a correction or report