Research indexJournal article
МОДЕРНИЗАТСИЯИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ СИЁСӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ АСОСИИ ОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Қамардинович
cyberleninka.ru9 Jul 2026Open access
NobleIDark:/48914/w1/20261105/6F357220DOI10.24412/3078-395x-2026-2-8-301-309
МОДЕРНИЗАТСИЯИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ СИЁСӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ АСОСИИ ОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Қамардинович · cyberleninka.ru · 2026
NobleIDark:/48914/w1/20261105/6F357220DOI10.24412/3078-395x-2026-2-8-301-309
Free to read at the publisher
You can read the abstract here, or the full text at the publisher.
Abstract
Замони муосир бо инқилобҳои технологӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ бо дигаргуниҳои амиқ фарқ мекунад. Модернизатсияи сиёсӣ, системаи идоракунии сиёсиро мувофиқи принсипҳои демократия дар ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ такмил медиҳад. Раванди мазкур дар якчанд марҳала тавассути амалӣ кардани ислоҳот ва лоиҳаҳои алоҳида сурат мегирад. Дар ин раванд бояд захираҳои қудрат ва идоракунӣ, ки барои гузаронидаи ислоҳоти сиёсӣ ҷалб карда шудааст, ба таври мақсаднок сафарбар карда шаванд. Ҳамчунин модернизатсияи сиёсӣ ба тағйирёбии ҷаҳонбинӣ, фарҳанги сиёсӣ ва тарзи ҳаёти аҳолӣ ҳам дар деҳот ва ҳам дар шаҳрҳо таъсир мерасонад. Ин раванд,аз ҷумла, коҳиш ёфтани нуфузи дин дар сиёсат ва ташаккули ҳокимияти марказии секуляриро дар бар мегирад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки пешрафти илму технология дар шароити ҷаҳонишавӣ қарор дорад, равандҳои модернизатсиякунонии низоми идоракунии сиёсӣ ба яке аз масъалаҳои калидӣ дар ҳамаи кишварҳо табдил ёфтааст. Сарфи назар аз теъдоди зиёди таҳқиқоти илмӣ, ки ба масъалаҳои модернизатсия ва низоми идоракунии сиёсӣ бахшида шудаанд, то ҳол мушкилот бартараф нашуда ва норавшании дарки ин равандҳо боиси нигаронӣ мондааст.