Research indexJournal article
ТАҲЛИЛИ СИСТЕМАҲОИ ИТТИЛООТИИ МУОСИРИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲО
Сайализод
cyberleninka.ru10 Jul 2026Open access
NobleIDark:/48914/w1/20261105/72291A5DDOI10.24412/3078-395x-2026-2-10-275-280
ТАҲЛИЛИ СИСТЕМАҲОИ ИТТИЛООТИИ МУОСИРИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲО
Сайализод · cyberleninka.ru · 2026
NobleIDark:/48914/w1/20261105/72291A5DDOI10.24412/3078-395x-2026-2-10-275-280
Free to read at the publisher
You can read the abstract here, or the full text at the publisher.
Abstract
Дар мақола масъалаи идоракунии самараноки иттилоот тавассути татбиқи системаҳои иттилоотии муосири гардиши ҳуҷҷатҳо дар шароити рушди босуръати иқтисодиёти рақамӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода шудааст. Гузариш аз усулҳои анъанавии коғазӣ ба системаҳои интеллектуалии электронӣ, ки худкорсозии равандҳои таҳия, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва бойгоникунии ҳуҷҷатҳоро дар бар мегирад, баррасӣ мегардад. Барои баланд бардоштани сатҳи худкорсозӣ ва оптимизатсияи ҷараёни ҳуҷҷатҳо аз технологияҳои муосир, ба монанди зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ, коркарди забони табиӣ (NLP), маълумоти калон (Big Data) ва инчунин методҳои назарияи хизматрасонии оммавӣ истифода шудааст. Татбиқи ин усулҳо барои моделсозии раванди баррасии ҳуҷҷатҳо, пешгӯии сарборӣ ва ба ҳадди ақал расонидани вақти интизории коркарди иттилоот мусоидат менамояд. Натиҷаҳои таҳлил нишон медиҳанд, ки системаҳои зеҳнии гардиши ҳуҷҷатҳо аз ҳама дурнамодор ба шумор рафта, имкон медиҳанд, ки ҷараёнҳои иттилоотӣ мустақилона таҳлил карда шуда, қабули қарорҳои идоракунӣ дастгирӣ ёбад ва иштироки инсон дар амалиётҳои такроршаванда то ҳадди ақал кам карда шавад. Сарфи назар аз мушкилоти молиявӣ ва амниятӣ, рақамикунонии равандҳои идоракунии ҳуҷҷатҳо самти муҳимтарини рушди ташкилотҳои муосир мебошад.