Research indexJournal article
АМСИЛАСОЗИИ МАТЕМАТИКӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ҲАМЧУН АСОСИ МЕТОДОЛОГИИ ТАКМИЛИ ПЛАТФОРМАҲОИ ИНТЕРАКТИВИИ ОМӮЗИШИ БАРНОМАСОЗӢ
Келдибекович
cyberleninka.ru10 Jul 2026Open access
NobleIDark:/48914/w1/20261105/8CD829F9DOI10.24412/3078-395x-2026-2-10-209-217
АМСИЛАСОЗИИ МАТЕМАТИКӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ҲАМЧУН АСОСИ МЕТОДОЛОГИИ ТАКМИЛИ ПЛАТФОРМАҲОИ ИНТЕРАКТИВИИ ОМӮЗИШИ БАРНОМАСОЗӢ
Келдибекович · cyberleninka.ru · 2026
NobleIDark:/48914/w1/20261105/8CD829F9DOI10.24412/3078-395x-2026-2-10-209-217
Free to read at the publisher
You can read the abstract here, or the full text at the publisher.
Abstract
Дар мақола масъалаи методологияи такмили платформаҳои интерактивии омӯзиши барномасозӣ дар асоси амсиласозии математикӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ баррасӣ мегардад. Раванди омӯзиш ҳамчун низоми мураккаби динамикӣ, эҳтимолӣ ва худтанзимшаванда таҳлил шуда, имконияти ифодаи сатҳи дониш, фаъолияти омӯзишӣ ва натиҷаҳои таълимӣ тавассути амсилаҳои математикӣ асоснок карда мешавад. Дар таҳқиқот нишон дода шудааст, ки истифодаи муодилаҳои динамикӣ, функсияҳои эҳтимолӣ, алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ ва механизмҳои оптимизатсионӣ барои пешгӯии натиҷаҳои донишҷӯён, муайян намудани сатҳи азхудкунӣ ва фардисозии муҳити таълимӣ аҳамияти муҳим дорад. Таъкид мегардад, ки платформаҳои интерактивӣ ва мутобиқшаванда метавонанд дар асоси таҳлили додаҳои таълимӣ сатҳи душвории супоришҳо, пайдарпайии пешниҳоди мавод ва шакли бозхӯрдро ба хусусиятҳои инфиродии донишҷӯ мутобиқ намоянд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки ҳамгироии амсиласозии математикӣ ва зеҳни сунъӣ барои ташаккули низомҳои таълимии насли нав заминаи илмӣ ва амалӣ фароҳам меорад.