Research indexJournal article
РАВАНДҲОИ РЕЛАКСАТСИОНӢ ВА ТАҲЛИЛИ НАЗАРИЯВИИ ОНҲО ДАР ОСОРИ ИЛМИИ АКАДЕМИК САИДМУҲАММАД ОДИНАЕВ
Кодир, Imom, Шералиевич
cyberleninka.ru8 Oct 2026Open access
NobleIDark:/48914/w1/20261105/1130C3BCDOI10.24412/3078-395x-2026-3-11-41-48
РАВАНДҲОИ РЕЛАКСАТСИОНӢ ВА ТАҲЛИЛИ НАЗАРИЯВИИ ОНҲО ДАР ОСОРИ ИЛМИИ АКАДЕМИК САИДМУҲАММАД ОДИНАЕВ
Кодир, Imom, Шералиевич · cyberleninka.ru · 2026
NobleIDark:/48914/w1/20261105/1130C3BCDOI10.24412/3078-395x-2026-3-11-41-48
Free to read at the publisher
You can read the abstract here, or the full text at the publisher.
Abstract
Дар мақола равандҳои релаксатсионӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои марказии физикаи молекулавӣ ва физикаи муҳитҳои конденсӣ дар заминаи осори илмии академик Саидмуҳаммад Одинаев баррасӣ мегарданд. Таҳлил нишон медиҳад, ки корҳои ӯ доираи васеи масъалаҳо — аз назарияи молекулавӣ-кинетикии релаксатсияи сохторӣ ва хосиятҳои часпакӣ-чандирии моеъҳои классикӣ то падидаҳои интиқол, хосиятҳои акустикӣ, термочандирӣ, электролитҳо, моеъҳои ионӣ ва магнитӣ фаро мегиранд. Навоварии асосии мактаби илмии академик Одинаев С. дар он зоҳир мегардад, ки динамикаи микроскопии азнавсозии тартиботи марказии молекулавӣ бо хосиятҳои макроскопӣ — часпакӣ, модулҳои чандирӣ, гузаронандагии гармӣ, суръат ва зариби фурӯбурди мавҷҳои акустикӣ пайваст карда мешавад. Дар асоси таҳлили манбаъҳои асосӣ нишон дода мешавад, ки назарияи релаксатсияи сохторӣ имкон медиҳад ҳудудҳои гидродинамикаи классикӣ васеъ гардида, гузариш аз рафтори моеъмонанд ба рафтори ҷисми чандир дар басомадҳои баланд ва вақтҳои кӯтоҳ шарҳ ёбад. Мақола аҳамияти илмии ин равишро барои таҳқиқоти муосири моеъҳои содда, маҳлулҳои электролитӣ, муҳитҳои мураккаб ва равандҳои ғайримувозинатӣ арзёбӣ менамояд.