NobleBlocks

Research indexJournal article

ДОИР БА МАРҲИЛАҲОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАЪСИСЁБИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИТИҶОРАТӢ ҲАМЧУН ШАХСИ ҲУҚУҚӢ ДАР ШАКЛИ ТАШКИЛДИҲӢ

Тургунбаевна

cyberleninka.ru8 Oct 2026Open access

NobleIDark:/48914/w1/20261105/4894494EDOI10.24412/3078-395x-2026-3-11-107-119

Free to read at the publisher

You can read the abstract here, or the full text at the publisher.

Read at the publisher

Abstract

Дар мақолаи мазкур муаллиф доир ба масъалаи марҳилаҳои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар шакли ташкилдиҳӣ изҳори ақида менамояд. Мақсади таҳқиқоти мазкур пеш аз ҳама, таҳқиқ ва омӯзиши илмии падидаи марҳилаҳои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар шакли ташкилдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар мақолаи мазкур пеш аз ҳама, сарчашмаҳои гуногуни марбут ба шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ, навъҳо ва намудҳои ташкилотҳои ғайритиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Ҳамзамон, зимни таҳқии мавзуи таҳқиқи мазкур методҳои ҳуқуқии умумиилмӣ ва махсуси илмӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Муаллиф, марҳилаҳои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар шакли ташкилдиҳиро аз нахуст, таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ, дуюм, мақоми ваколатдори амалисозандаи бақайдгирии давлатӣ, сеюм, муҳлати бақайдгирии давлатӣ, чорум, рад намудани бақайдгирии давлатӣ ва шикоят намудан нисбати рад намудани бақайдгирии давлатӣ, панҷум, пешбурди феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, шашум, тартиби боздоштани фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ иборат донистааст. Зимни таҳлили марҳилаҳои мазкур як қатор камбудиҳо ва норасоиҳо муайян ва баҳри ислоҳи онҳо таклифҳои дахлдор баён гардидааст. Дар охир муаллиф, чун қоида нисбати мавзуи таҳқиқи мазкур хулосаи дахлдор низ пешниҳод намудааст.

Discussion

More

Suggest a correction or report