Research indexJournal article
МАВҚЕИ РАМЗҲО ДАР СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ: ПАРЧАМ, НИШОН, СУРУДИ МИЛЛӢ ВА ЛИБОСИ ДИПЛОМАТӢ
Нуралидухт
cyberleninka.ru9 Oct 2026Open access
NobleIDark:/48914/w1/20261105/3ECE2DA9DOI10.24412/3078-395x-2026-3-11-147-156
МАВҚЕИ РАМЗҲО ДАР СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ: ПАРЧАМ, НИШОН, СУРУДИ МИЛЛӢ ВА ЛИБОСИ ДИПЛОМАТӢ
Нуралидухт · cyberleninka.ru · 2026
NobleIDark:/48914/w1/20261105/3ECE2DA9DOI10.24412/3078-395x-2026-3-11-147-156
Free to read at the publisher
You can read the abstract here, or the full text at the publisher.
Abstract
Мақолаи мазкур ба таҳлили мавқеи рамзҳои давлатӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳи махсус ба ҷанбаҳои эстетикии онҳо бахшида шудааст. Дар он нақши парчам, нишони давлатӣ, суруди миллӣ ва либоси дипломатӣ ҳамчун унсурҳои муҳими муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Рамзҳои давлатӣ на танҳо падидаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошанд, балки пеш аз ҳама ҳамчун объектҳои дорои арзиши баланди эстетикӣ дар дарки зебоӣ, маъно ва образи давлат дар шуури ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад мекунанд. Дар мақола таъкид мегардад, ки ин рамзҳо тавассути унсурҳои визуалӣ, мусиқӣ ва бадеӣ таъсири қавии эстетикӣ расонида, дар ташаккули эҳсосот, тасаввурот ва дарки зебоишиносии ҷомеаи байналмилалӣ нисбат ба давлат нақши муҳим мебозанд. Ҳамзамон, онҳо ҳамчун воситаҳои ифодаи фарҳанг ва зебоии миллӣ дар муаррифии давлат фаъолият намуда, ба ташаккули имиҷи байналмилалӣ мусоидат мекунанд. Рамзҳои давлатӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун забони эстетикии ғайримустақим хизмат мекунанд, ки тавассути он симои зебоишиносӣ ва фарҳангии давлат интиқол меёбад. Натиҷаҳои таҳқиқ нишон медиҳанд, ки моҳияти эстетикии рамзҳои давлатӣ яке аз омилҳои муҳими таъсиррасонӣ ба дарки байналмилалии давлат ва таҳкими мавқеи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.