NobleBlocks

Research indexJournal article

БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТИ КОРПОРАТИВӢ ҲАМЧУН НИЗОМИ ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНИИ КОРПОРАТИВӢ

Хушвахтович

cyberleninka.ru9 Oct 2026Open access

NobleIDark:/48914/w1/20261105/A8D356E3DOI10.24412/3078-395x-2026-3-11-236-247

Free to read at the publisher

You can read the abstract here, or the full text at the publisher.

Read at the publisher

Abstract

Дар мақола ҷанбаҳои назариявии баҳисобгирӣ ва ҳисоботи корпоративӣ дар муносибат бо нақши онҳо дар низоми идоракунии корпоративӣ баррасӣ мешаванд. Нишон дода шудааст, ки афзоиши талабот ба шаффофии фаъолияти корхонаҳо, бештар шудани масъулияти субъектҳои идоракунии корпоративӣ дар назди ҷонибҳои манфиатдор ва зарурати таъмини сифати қарорҳои идоракунӣ ба афзоиши аҳамияти иттилооти баҳисобгирию ҳисоботӣ боис шудаанд. Дар асоси таҳлили интишороти илмии олимони ватанӣ ва хориҷӣ равишҳои асосии дарки моҳияти баҳисобгирӣ ва ҳисоботи корпоративӣ ба низом дароварда шуда, хусусиятҳо, бартариҳо ва маҳдудиятҳои асосии онҳо ошкор карда мешаванд. Муқаррар карда шудааст, ки таҳқиқоти мавҷуда асосан ба масъалаҳои ҳисоботи корпоративӣ ё ҷанбаҳои алоҳидаи ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ тамаркуз мекунанд, вале масъалаҳои баррасии ҳамаҷонибаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи корпоративӣ ҳамчун унсурҳои бо ҳам алоқаманди таъминоти иттилоотии идоракунии корпоративӣ ба қадри кофӣ баррасӣ нашудаанд. Асоснок карда шудааст, ки сиёсати баҳисобгирӣ ва назорати дохилӣ муҳимтарин воситаҳои ташкилӣ мебошанд, ки саҳеҳӣ, қиёспазирӣ ва муфид будани иттилооти баҳисобгирию ҳисоботии ташаккулёбандаро таъмин мекунанд. Таърифи муаллифии мафҳуми баҳисобгирӣ ва ҳисоботи корпоративӣ ҳамчун низоми ҳамгирои таъминоти иттилоотии идоракунии корпоративӣ, ки ташаккул, коркард ва пешниҳоди иттилооти баҳисобгирию ҳисоботиро ба хотири қонеъ кардани эҳтиёҷоти иттилоотии ҷонибҳои манфиатдор, қабули қарорҳои асосноки идоракунӣ ва баланд бардоштани самаранокии назорати дохилӣ таъмин менамояд, пешниҳод карда мешавад. Натиҷаҳои бадастомада ба рушди муқаррароти назариявии баҳисобгирӣ ва ҳисоботи корпоративӣ мусоидат мекунанд ва метавонанд дар таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи идоракунии корпоративӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ истифода шаванд.

Discussion

More

Suggest a correction or report