Research indexJournal article
НАҚШИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ МАТЕМАТИКӢ ВА САЛОҲИЯТҲОИ ХОНАНДАГОН
ИБРАГИМОВНА
cyberleninka.ru9 Oct 2026Open access
NobleIDark:/48914/w1/20261105/E500C15ADOI10.24412/3078-395x-2026-3-11-57-70
НАҚШИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ МАТЕМАТИКӢ ВА САЛОҲИЯТҲОИ ХОНАНДАГОН
ИБРАГИМОВНА · cyberleninka.ru · 2026
NobleIDark:/48914/w1/20261105/E500C15ADOI10.24412/3078-395x-2026-3-11-57-70
Free to read at the publisher
You can read the abstract here, or the full text at the publisher.
Abstract
Дар мақола нақши усулҳои фаъоли таълим дар рушди тафаккури математикӣ ва ташаккули салоҳиятҳои хонандагон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф аҳаммияти истифодаи усулҳои интерактивӣ, омӯзиши ҳамкорона, ҳалли масъалаҳои проблемавӣ ва фаъолияти мустақили хонандагонро дар ҷараёни таълими математика таҳлил менамояд. Нишон дода мешавад, ки татбиқи усулҳои фаъоли таълим ба баланд гардидани шавқу ҳавас ба омӯзиш, рушди тафаккури мантиқӣ, эҷодкорӣ, қобилияти таҳлил ва ҳалли масъалаҳо мусоидат мекунад. Ҳамчунин, таъсири ин усулҳо ба ташаккули салоҳиятҳои калидӣ ва фаннии хонандагон, аз ҷумла салоҳияти коммуникативӣ, иттилоотӣ ва омӯзиши мустақилона, асоснок карда мешавад. Хулоса карда мешавад, ки истифодаи мақсадноки усулҳои фаъоли таълим яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таълими математика ва омодасозии хонандагон ба фаъолияти минбаъдаи таълимӣ ва амалӣ мебошад.