NobleBlocks

Research indexJournal article

ФАЪОЛИЯТИ МАЪРИФАТИИ МУСТАҚИЛОНА ҲАМЧУН ВОСИТАИ ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТҲОИ МЕТОДИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДАИ ФАННИ БИОЛОГИЯ

Санг, Хайриддин

cyberleninka.ru9 Oct 2026Open access

NobleIDark:/48914/w1/20261105/319E9040DOI10.24412/3078-395x-2026-3-11-52-57

Free to read at the publisher

You can read the abstract here, or the full text at the publisher.

Read at the publisher

Abstract

Дар мақола масъалаҳои мубрами ташаккули салоҳиятҳои методии омӯзгорони ояндаи биология дар системаи муосири таҳсилоти олӣ баррасӣ карда мешавад. Мақсади тадқиқот муайян кардани имкониятҳои фаъолияти мустақили маърифатӣ ҳамчун воситаи гузариш аз донишҳои назариявӣ ба татбиқи он дар амалияи касбӣ мебошад. Муайян карда шудааст, ки ташаккули мустақилияти донишҷӯён на танҳо сифати таълимро беҳтар мекунад, балки тафаккури рефлексивӣ, малакаҳои тадқиқотӣ ва қобилияти ҳалли масъалаҳои ғайристандартии касбиро инкишоф медиҳад. Натиҷаи таҳлилҳои низомӣ-функсионалӣ ва эмпирикӣ нишон медиҳад, ки самаранокии рушди салоҳиятҳои методии омӯзгорони ояндаи фанни биология бо маҷмуи шароити педагогӣ муайян карда мешавад. Ба ин шароитҳо ташаккули ангезаи устувори омӯзиш, таъмини дастрасӣ ба захираҳои ҳамаҷонибаи методологӣ ва технологӣ, инчунин, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии рақамӣ, аз қабили системаҳои идоракунии таълим (LMS) ва озмоишгоҳҳои виртуалӣ дохил мешаванд. Истифодаи технологияҳои рақамӣ барои фардикунонии масирҳои таълимии донишҷӯён шароит фароҳам оварда, дастрасии онҳоро ба захираҳои илмии муосир васеъ месозад. Дар мақола инчунин, модели мустақилияти роҳнамоишаванда (scaffolding) баррасӣ мешавад, ки дар он омӯзгор нақши мураббӣ ва мусоидаткунандаи раванди омӯзишро иҷро мекунад. Ин равиш ба ташаккули омӯзгори дорои тафаккури таҳлилӣ (рефлексивӣ) мусоидат менамояд, ки қодир аст дар шароити тағйирёбандаи муҳити таълимӣ қарорҳои асосноки дидактикӣ қабул кунад. Натиҷаҳои тадқиқотро метавон барои такмили барномаҳои таълимӣ ва методикаи таълими фанни биология истифода бурд.

Discussion

More

Suggest a correction or report